LIVE

Юрген Клопп сармураббии мунтахаби Олмон таъин шуд

Муттахассиси олмонӣ Юрген Клопп сармураббии дастаи мунтахаби Олмон таъин шуд. Ин хабар расман дар сомонаи Федератсияи футболи Олмон (DFB) нашр гардид. Шартномаи ӯ бо дастаи миллӣ то соли 2030 мӯҳлат дорад.
Тими миллии Олмон пас аз бохт аз Парагвай дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2026 (1-1, 3-4 аз рӯи пеналтӣ) аз идомаи рақобат маҳрум гардида буд. Пас аз ин Юлиан Нагелсманн аз мақоми сармураббигии тими миллии Олмон истеъфо дод.
Охирин ҷои кори Юрген Клопп ҳамчун сармураббӣ дар “Ливерпул” буд. Сипас ӯ ҳамчун менеҷер дар системаи ширкати “Ред Булл” кор мекард. Қаблан расонаҳои хабарӣ тақдири Клоппро бо “Реал Мадрид” пайванд медоданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив