LIVE

Каземиро ба дастаи Лионел Месси пайваст

Бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» аз гузариши расмии нимҳимоятгари маъруфи бразилӣ Карлос Каземиро хабар дод.
Футболбози 34-сола пас аз анҷоми муҳлати шартномааш бо «Манчестер Юнайтед» ҳамчун бозигари озод ба ҳайати дастаи шаҳри Майами ҳамроҳ гардид. Каземиро бо «Интер Майами» то моҳи июни соли 2027 шартнома ба имзо расонид. Дар созишнома инчунин имкони тамдиди ҳамкорӣ барои ду соли дигар низ пешбинӣ шудааст.
Бо ин гузариш Каземиро акнун дар як даста бо яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон Лионел Месси ҳунарнамоӣ мекунад. Роҳбарияти «Интер Майами» умедвор аст, ки таҷрибаи бузург ва маҳорати нимҳимоятгари бразилӣ ба даста барои мубориза баҳри унвонҳо дар MLS ва дигар мусобиқаҳо кӯмак хоҳад кард.
Каземиро яке аз пурҷоизатарин нимҳимоятгарони ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ дар ҳайати «Реал Мадрид» панҷ маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳои Аврупо шуда, инчунин соҳиби чандин унвони қаҳрамонии Испания, Ҷоми Испания ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо гардидааст.
Соли 2022 ӯ ба «Манчестер Юнайтед» гузашт ва онҷо низ яке аз бозигарони калидӣ буд. Тобистони имсол бошад, пас аз анҷоми шартномааш аз бошгоҳи шаҳри Манчестер ҷудо шуда, фаъолияти худро дар Лигаи футболи Амрико идома медиҳад.
Пайвастани Каземиро ба «Интер Майами» боз як интиқоли пурсарусадо дар MLS маҳсуб мешавад ва интизор меравад, ки ҳузури ӯ дар баробари Лионел Месси сатҳи рақобат ва таваҷҷуҳи мухлисонро ба чемпионати Амрико боз ҳам бештар намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив