Дарвозабони мунтахаби Кабо-Верде Возиня, ки дар Ҷоми ҷаҳон машҳур шуд, метавонад фаъолияти варзишии худро дар кишвари Чили идома диҳад. Бошгоҳи “Коло-Коло” пас аз фармони президенти клуб Анибал Мосса бо дарвозабони 40-сола гуфтушунидҳоро оғоз кардааст. Дар ин бора хабарнигор Сезар Луис Мерло дар шабакаи иҷтимоии Х хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ сармураббии бошгоҳи “Коло-Коло” Фернандо Ортис Возиняро барои дастаи худ дархост накардааст, аммо барои идомаи гуфтушунидҳо ва эҳтимоли шомил шудани бозингар омода аст.
Возиня дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 чор бозӣ анҷом дод ва дар ду бозӣ дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ дошт. Шартномаи ӯ бо дастаи “Шавеш”, ки дар дивизиони дуюми футболи Португалия мебошад, тобистони имсол ба охир расид. Тими миллии Кабо-Верде бошад бори аввал дар таърих дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ширкат варзид ва намоиши худро дар даври 1/16 финалӣ бо бохт аз Аргентина (2:3) ба анҷом расонид.
