Рӯзи чоршанбе, 22-юми июл бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2026/2027 баргузор шуданд. Дар давоми рӯзи бозӣ се бозӣ доир гардид.
Лигаи Чемпионҳо, даври дуюми интихобӣ, натиҷаҳо то 22 июл:
“Омония” (Кипр) - Кайрат (Қазоқистон) — 1:0;
“Левски” (Булғористон) - Университатя (Руминия) — 1:0;
“Эгнатия” (Албания) - “Селйе” (Словения) — 3:3.
Имрӯз дастаҳо бозиҳои аввалини худро анҷом доданд. Бозиҳои ҷавобӣ пас аз як ҳафта баргузор мешаванд.
Қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳои УЕФА “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса мебошанд. Дар финали ин мусобиқаи қаблӣ парижиён "Арсенал"-и Лондонро мағлуб карда буданд.
