Роҳбарияти ширкати сармоягузории амрикоии Fenway Sports Group, ки соҳиби бошгоҳи “Ливерпул” аст, дар бораи фурӯши саҳмияҳои назоратии бошгоҳ гуфтушунид мекунад. Дар ин бора The Financial Times хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ харидор метавонад консорсиуми сармоягузорон бо роҳбарии Амит Бҳатия, соҳибкори бритониёӣ-ҳиндӣ ва молики Queens Park Rangers бошад. Ин созишнома инчунин аз ҷониби оилаи Миттал, ки соҳиби ArcelorMittal - бузургтарин ширкати пӯлодбарории ҷаҳон аст, дастгирӣ карда мешавад. Агар ин созишнома муваффақ арзёбӣ шавад, арзиши “Ливерпул” аз 6 миллиард доллар (5,25 миллиард евро) зиёд хоҳад шуд, ки албатта яке аз баландтарин нархгузории як бошгоҳи футболӣ дар таърих хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки FSG аллакай гуфтушунидҳоро бо консорсиум тасдиқ кардааст, аммо таъкид намудааст, ки ҳанӯз ягон созишнома ба даст наомадааст.
Хушдор медиҳем, ки “Ливерпул “мавсими гузашта дар ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар ҷои панҷум қарор гирифт.
