Сарвони тими миллии Аргентина Лионел Месси аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон - 2026 номида шуд.
Дар овоздиҳӣ 472 хабарнигор аз 121 кишвар иштирок карданд. Ин аргентинии 39-сола 1179 хол ба даст овард. Месси мусобиқаро бо ҳашт гол ба анҷом расонд ва дар рӯйхати голзанҳои ҳама давру замон дар Ҷоми ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол намуд.
Килиан Мбаппеи фаронсавӣ бо 717 хол дар мақоми дуюм ҷойгузин шуд. Ҳамлагар 10 гол зада, унвони голзани беҳтарини мусобиқаро ба даст овард.
Нимҳимоятгари мунтахаби Англия Ҷуд Беллингем бо 470 хол зинаи сеюм гирифт.
Мақоми чорум насиби Эрлинг Ҳоланд аз тими миллии Норвегия (460) ва зинаи панҷум насиби Ламин Ямал аз тими миллии Испания (304) шуд. Родри аз мунтахаби Испания, ки беҳтарин бозигари мусобиқа номида шуд, дар зинаи шашум (285) боқӣ монд, дар ҳоле ки дарвозабони мунтахаби Кабо-Верде Возиня ҳафтум (189) шуда буд.
Шомили даҳгонаи беҳтарин бозигарон ҳамчунин Гарри Кейн аз Англия (130), Микел Оярсабал аз Испания (118) ва Майкл Олисе аз Фаронса (91) шуданд.
Испания дар дар финали Ҷоми Ҷаҳон-2026 мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Финал
Душанбе, 20 июли соли 2026. 00:00 ДШБ
Испания 1:0 (вақти иловагӣ) Аргентина
1:0 Ф. Торрес – 106'
Корти сурх: Фернандес – 90+3'
