LIVE

Гилйермо Очоа оиди хатми маснади варзишӣ эълон намуд

Гилйермо Очоа, ки аз ҷониби бисёриҳо яке аз бузургтарин дарвозабонҳо дар таърихи футболи Мексика ҳисобида мешавад, рӯзи сешанбе оиди аз футболи касбӣ ба нафақа баромадани худро эълон кард ва ба бо ҳамин ба саргузашти футболии 22-солааш хотима бахшид.
"Тасаввур карда наметавонистам, ки орзуям маро то куҷо мебарад. Имрӯз ман танҳо бо ифтихор ба қафо нигоҳ карда, мегӯям: Ташаккур ба оилаам. Ташаккур ба ҳамдастаҳоям. Ташаккур ба ҳар як мухлис, ки дар ҳар қадам бо ман буданд. Ман муҳаббати миллионҳо ва итминони онро, ки ҳама чизро барои Мексика додам, бо худ мебарам. Он чизеро, ки мо аз сар гузаронидаем, ҳеҷ кас наметавонад аз мо бигирад. Аз самими қалбам барои ҳама чиз бароятон ташаккур мегӯям!" - навиштааст Очоа дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар сатҳи бошгоҳӣ Очоа унвони қаҳрамониро дар чемпионати Клаусура-2005-ро бо бошгоҳи “Америка” ва Ҷоми Белгияро бо “Стандарт Лйеж” ба даст овардаст.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад ба мунтахаби Мексика вақти ба даст овардани шаш Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ ва медали биринҷии Бозиҳои олимпии Токио-2020 кумак кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив