LIVE

Месси дар тими миллии Аргентина хатми маснади варзишӣ мекунад

Ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси қарор кард, ки баромади хешро дар дастаи миллӣ анҷом бахшад. Рӯзноманигор Эрнан Кастилйо дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Финал
20 июли соли 2026, душанбе. 00:00 ДШБ
Испания 1:0 (вақти иловагӣ) Аргентина
1:0 Ф. Торрес – 106'
Корти сурх: Фернандес – 90+3'
Ба гуфтаи манбаъ футболбоз пеш аз финали Ҷоми ҷаҳон - 2026 дар утоқи либоспӯшӣ суханронии пурҳаяҷон дошта, изҳор намуд, ки ин бозии охирин бозии ӯ дар сафи Албиселесте хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Аргентина дар бозии финалии мусобиқа пас аз вақти иловагӣ аз Испания бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд. Месси дар Ҷоми Ҷаҳон – 2026   ҳашт гол зада, чор партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.
Дар масири бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон   Месси аввалин бозигаре шуд, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба задани 20 гол даст ёфт, беҳтарин ирсолгари голӣ гардид ва дорандаи рекорди ҷаҳонӣ аз рӯи шумораи бозиҳо дар таърихи мусобиқа гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив