LIVE

ФИФА номи беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон - 2026-ро эълон кард

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро номбар кард. Ин ҳам нимҳимоятгари марказӣ ва сарвони тими миллии Испания Родри аст.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Финал
20 июли соли 2026, душанбе. 00:00 ДШБ
Испания 1:0 (вақти иловагӣ) Аргентина
1:0 Ф. Торрес – 106'
Корти сурх: Фернандес – 90+3'
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Испания дар финали Ҷоми ҷаҳон - 2026 Аргентинаро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод ва бори дуюм дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон гардид. Родри дар  мусобиқа дар ҳамаи ҳашт бозӣ иштирок намуд ва ягон гол назадааст, аммо La Furia Roja дар тӯли мусобиқа танҳо як гол сар дод.
Испания бори аввал дар таърих соли 2010 қаҳрамони ҷаҳон шуд. Даста дар финали Ҷоми ҷаҳон - 2010 (1-0 вақти иловагӣ) Нидерландро мағлуб кард. Аргентина унвони қаҳрамонияшро дифоъ карда натавонист ва соҳиби медалҳои нуқра гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив