LIVE

Тими миллии Испания бори дуюм дар таърих қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими миллии Испания дар финали Ҷоми ҷаҳон - 2026 Аргентинаро (1-0, вақти иловагӣ) шикаст дод ва бори дуюм дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи MetLife-и Ист-Рутерфорд, ИМА таҳти ҳакамии Славко Винчич аз Словения доир гардид.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Финал
Душанбе, 20 июли соли 2026. 00:00 ДШБ
Испания 1:0 (вақти иловагӣ) Аргентина
1:0 Ф. Торрес – 106'
Корти сурх: Фернандес – 90+3'
Испания бори аввал дар таърих  соли 2010 қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ин тим жар финали Ҷоми ҷаҳон - 2010 (1:0 вақти иловагӣ) Нидерландро мағлуб карда буд. Аргентина бошад унвони қаҳрамонияшро дифоъ карда натавонист ва ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гардид.
Ҷоми ҷаҳон - 2010. Финал
12 июли соли 2010, душанбе. 00:30 ДШБ
Нидерланд -  0:1 (вақти иловагӣ) Испания
0:1 Иньеста – 116'
Корти сурх: Хайтинга – 109'  
Дар бозӣ баҳри шиғоли зинаи сеюм, ки як рӯз пеш баргузор шуд, Англия бар Фаронса бо ҳисоби 6:4 зафар ёфт ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив