LIVE

Ҳайати доварони бозии финалии Ҷоми ҷаҳон - 2026 маълум шуд

Доварони бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 байни мунтахабҳои Испания ва Аргентина таъин шуданд. Дар ин бора ФИФА дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод. Финал шаби 19-ум ба 20-уми июл баргузор мешавад. 
Чемпионати ҷаҳон-2026. Финал
20 июли соли 2026, душанбе. 00:00 бо вакти Душанбе
Испания - Аргентина
Сардовар — Славко Винчич, ёрдамчиён — Томаз Кланчник, Андрас Ковачич (хама — Словения), довари чорум — Адхам Махадме, довари эхтиётй — Мухаммад Ал-Калаф (харду — Урдун).
Қаблан дар даври ниманиҳоӣ испаниҳо бар Фаронса бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд ва Аргентина бошад Англияро бо ҳисоби  2:1 шикаст дод.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидам Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, дар финали мусобиқаи соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуд,  Фаронсаро бо ҳисоби 3-3 (4-2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив