LIVE

Роналдо бозии Криштиану Роналдуро дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 баҳогузорӣ кард

Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Роналдо Назарио дар бораи баромади ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар Ҷоми ҷаҳон -2026 сухан гуфт.
"Шояд ӯ то ҳол метавонад дар Арабистони Саудӣ бозӣ кунад, аммо бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон, тавре ки мо мефаҳмем, хеле мушкилтар аст, зеро инҷо сатҳ хеле баландтар аст. Бо вуҷуди иштиёқ ва муҳаббати мо ба футбол ва хоҳиши мо барои ҳамеша бозӣ кардан, ман фикр мекунам, ки дар ниҳоят ҳама чиз аз бадан вобаста аст. Ҳоло ман футбол бозӣ намекунам, зеро ақли ман чунон кор мекунад, ки ҷисмам ба он тоб оварда наметавонад" - гуфт Роналдо.
Роналду дар ҳайати тими миллии Португалия ба даври 1/8 финалӣ баромад ва аз тими миллии Испания шикаст хӯрд. Дар маҷмӯъ, ӯ дар ин мусобиқа панҷ бозӣ анҷом дода, ба задани се гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив