LIVE

Лионел Месси интизориҳои худро аз финали ҶҶ-2026 баён кард

Сарвони тими миллии Аргентина Лионел Месси интизориҳои худро аз финали Ҷоми Ҷаҳон - 2026, ки дар он Аргентина бо Испания рӯбарӯ хоҳад шуд, баён кард. Бозӣ шаби 19-ум ба 20-уми июл соати 00:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
Ҷоми Ҷаҳон - 2026. Финал
20 июли соли 2026, душанбе. Соати 00:00 ба вақти Душанбе
Испания -  Аргентина
"Финали Ҷоми Ҷаҳон - 2026 як бозии махсус аст. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки он хеле шиддатнок хоҳад буд", - иқтибос меорад TycSports аз суханони Лионел Месси.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, дар финали мусобиқаи соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуд, Фаронсаро бо ҳисоби 3-3 (4-2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив