LIVE

Ғолиби финали Ҷоми Ҷаҳон-2026 тибқи фарзияи Суперкомпютери Opta

Суперкомпютери Opta пас аз анҷоми бозиҳои даври нимфиналӣ имкониятҳои дастаҳоро барои пирӯзӣ дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 арзёбӣ кард. Дар ин бора пойгоҳи таҳлилии Opta хабар дод.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври ниҳоӣ. Финал
20 июли соли 2026, душанбе. 00:00 ДШБ
Испания - Аргентина
Испания ва Аргентина дар финал бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Тибқи маълумоти суперкомпютери номбурда мунтахаби Испания имкони пирӯзӣ дар ин мусобиқаро ба андозаи 56.31%-ро дорад, дар ҳоле ки тими миллии Аргентина аз имконияти 43.69%-а бархӯрдор аст.
Қаблан дар даври нимфиналӣ Испания Фаронсаро бо ҳисоби 2-0 шикаст дода буд, дар ҳоле ки Аргентина бар Англия бо ҳисоби 2-1 зафар ёфт.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидам Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, дар финали мусобиқаи соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуд,  Фаронсаро бо ҳисоби 3-3 (4-2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив