LIVE

Мейсон Гринвуд расман ба сафи “Фенербахче” пайваст

Бошгоҳи «Фенербахче» аз гузариши расмии вингери англис Мейсон Гринвуд аз ҳайати «Марсел» хабар дод.
Тибқи иттилои сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Истамбул, ҷонибҳо шартномаи 4-сола ба имзо расонидаанд. Арзиши умумии интиқоли футболбоз 39 миллион евроро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз ҷониби «Фенербахче» дар се қисмати баробар давоми се соли оянда пардохт хоҳад шуд.
Мейсон Гринвуд тарбиятёфтаи академияи «Манчестер Юнайтед» мебошад. Ӯ тобистони соли 2024 бо маблағи 26 миллион евро ба ҳайати «Марсел» гузашт.
Мавсими гузашта футболбози 24-сола дар ҳайати «Марсел» дар ҳамаи мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом дода, 26 гол задааст ва 11 партофти головар низ анҷом додааст.
Роҳбарияти «Фенербахче» умедвор аст, ки Гринвуд бо маҳорати баланди худ хатти ҳамлаи дастаро тақвият дода, дар мавсими нав яке аз бозигарони калидии бошгоҳ хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив