Собиқ ситораи футболи ҷаҳон Зинедин Зидан пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 сармураббии нави мунтахаби Фаронса таъин хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Романо, сармураббии феълии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам пас аз бозии барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳон аз вазифаи худ канор меравад ва ба фаъолияти чандинсолаи ӯ дар тими миллӣ нуқта гузошта мешавад.
“Давраи фаъолияти Дидйе Дешам дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба анҷом мерасад. Ҳама чиз тамом шуд. Бозии охир барои ҷойҳои сеюм ва чорум баргузор мешавад, баъд хайрухуш… ва оғози давраи нави Зинедин Зидан.”- навиштааст, Фабритсио Романо.
Қаблан нашрияи Le Parisien низ хабар дода буд, ки байни Зинедин Зидан ва Федератсияи футболи Фаронса (FFF) аллакай созишномаи шифоҳӣ ҳосил шудааст.
Агар ин таъйинот расман тасдиқ гардад, Зидан бори аввал сармураббии мунтахаби Фаронса хоҳад шуд. Ӯ қаблан бо ҳайати «Реал Мадрид» се маротиба пайиҳам қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо гардида, яке аз муваффақтарин мураббиёни футболи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
