Як гурӯҳ аз мухлисони футбол муроҷиатномаи ҷамъиятӣ (петиция) роҳандозӣ карда, аз ФИФА талаб намудаанд, ки мунтахаби Аргентина аз Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 хориҷ карда шавад.
Муаллифони ариза, ФИФА ва доваронро ба муносибати ғаразнок нисбат ба тими Аргентина ва махсусан капитани он Лионел Месси муттаҳам кардаанд. Ба иттилои манбаъ, то кунун ин муроҷиатномаро зиёда аз 5 миллион нафар дастгирӣ кардаанд.
“Равшан аст, ки ФИФА ва доварон нисбат ба Лионел Месси ва мунтахаби Аргентина муносибати яктарафа доранд. Агар ғолиби мусобиқа аллакай маълум бошад, пас чаро дигар дастаҳо бояд дар Ҷоми ҷаҳон иштирок кунанд? Аргентинаро аз Ҷоми ҷаҳон хориҷ кунед ва ба ҳамаи дастаҳои дигар имкони баробар диҳед”- омадааст дар матни муроҷиатнома.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз ФИФА нисбат ба ин муроҷиатнома ягон изҳороти расмӣ нашр накардааст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Аргентина рӯзи 15 июл дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бо тими Англия рақобат мекунад.
