Мунтахаби Испания аввалин роҳхат ба финали Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2026 ба даст овард. Қаҳрамони феълии Аврупо дар даври нимниҳоӣ бар мунтахаби Фаронса бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эй-ти-энд-ти”-и шаҳри Арлингтони ИМА баргузор гардид.
Ҳисоб дар дақиқаи 22-юм кушода шуд. Ламин Ямал пеналти кор кард ва онро Микел Оярсабал ба гол табдил дод. Ин панҷумин голи Оярсабал дар мусобиқа буда, ӯ рекорди беҳтарин нишонзани Испанияро аз рӯи шумораи голҳо дар як Ҷоми ҷаҳон баробар кард. Тибқи иттилои хадамоти омори Squawka, ҳамлагари 29 сола ба дастовардҳои Эмилио Бутрагенйо (1986) ва Дэвид Вилла (2010) баробар шуд. Оярсабал (5) инчунин дуюмин голзани испанӣ дар таърихи Ҷоми ҷаҳон шуд, ки бо Бутрагенйо (5) баробар буд ва аз Вилла (9) ақиб монд.
Дар дақиқаи 58-ум Даниэл Олмо бо як партофти дақиқ Педро Порроро танҳо ба дарвозаи рақиб баровард ва ҳимоятгари “Тоттенҳэм” бидуни мушкили тӯбро вориди дарвозаи Майк Менян намуд.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Испания бори дуюм дар таърихи худ ба финали Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан испаниҳо соли 2010 ба финал баромада, қаҳрамони ҷаҳон шуда буданд. Дар финал испаниҳо интизори ғолиби ҷуфти Аргентина ва Англия хоҳанд буд. Фаронса барои ҷойи сеюм муборизаро идома медиҳад.
