LIVE

Дастоварди нодири Лионел Месси дар таърихи футболи ҷаҳонӣ

Сарвони тими миллии Аргентина Лионел Месси дар Ҷоми Ҷаҳон-2026  рекорди нодиреро такрор кард, ки қаблан танҳо ду маротиба дар таърихи футбол ба даст оварда шуда буд.
Тибқи иттилои пойгоҳи омории OptaJoe Месси миёни се бозигари беҳтарине дар таърихи Ҷоми Ҷаҳон аз лиҳози инфиродӣ (сар аз замони ҷамъоварии чунин омор аз соли 1966) қарор дорад, ки дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон  зиёда аз 15 имконияти голзанӣ фароҳам овардааст ва зиёда аз 15 зарба ба дарвоза задааанл. Қаблан ин дастовардро бозигари машҳури аргентинӣ Диего Марадона соли 1986 (22 зарба, 16 имконияти ба даст овардашуда) ва Андреас Бремаи олмонӣ  соли 1990 (17 зарба, 15 имконияти ба даст овардашуда) моли худ када буданд. Месси дар се бозии даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон-2026 18 зарба ва 15 имконияти ба даст овардашуда дорад.
Аргентина рӯзи 15-уми июл (соати 00:00 ба вақти Душанбе) дар даври нимфиналии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Англия бозӣ хоҳад кард. Дар маҷмӯъ Месси шаш бозӣ, ҳашт гол ва як паси голӣ дорад. Дар тӯли мусобиқа Месси беҳтарин голзан ва беҳтарин муаллифи паси голӣ дар таърихи ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив