LIVE

“Бавария” бо Жюл Кунде аз “Барса” музокирот анҷом дод — Sport.es

Бошгоҳи футболи “Бавария”-и Мюнхен нисбати ҳимоятгари "Барселона" Жюл Кунде таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Тибқи иттилоъи нашрияи  Sport.es  бошгоҳи шаҳри Мюнхен рӯзҳои охир бо дастаи бозигар музокирот анҷом додааст, то вазъият ва шартҳои шартномаи ӯро муайян кунад.
Ба гуфтаи манбаъ бозигари 27-сола мехоҳад бозияшро дар сафи "блаугранас" идома диҳад ва ҳадаф дорад, ки сатҳеро, ки дар мавсими 2024/2025 нишон дода буд, барқарор кунад.
Кунде аз тобистони соли 2022 дар "Барселона" бозӣ мекунад. Мавсими гузашта  ҳимоятгар  47 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, се гол ва чор партофти головар ба омор гирифтааст. Шартномаи кунунии ӯ бо бошгоҳ то тобистони соли 2030 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt   арзиши бозории Кунде 60 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив