Бозигари белгиявии бошгоҳи “Арсенал” Леандро Троссард фаъолияти варзишии худро дар сафи “Бешиктош” идома медиҳад. Дар ин бораи журналисти маъруфи итолиявӣ Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ бозигари белгиявӣ аллакай ба ин гузариш розӣ шудааст. Арзиши гузариши 18 миллион евроро ташкил дода, 2 миллион еврои иловагӣ ба хазинаи бошгоҳи шаҳри Лондон ҳамчун бонусҳо дастрас мешавад.
Троссард шартномаи сесоларо бо имкони тамдиди он барои як мавсими дигар имзо мекунад. Ӯ имрӯз ба шаҳри Истанбул меояд ва баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ созишномаро бо бошгоҳи туркӣ имзо мекунад.
Белгиягии 31-сола зимистони соли 2023 аз “Брайтон” бо нархи 24 миллион евро ба “Арсенал” пайваста, мавсими 2025/26 дар ҳама мусобиқаҳо 50 бозӣ анҷом дод, ҳашт гол задааст ва 10 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намудааст.
