LIVE

Мбаппе ва Дембеле дастоварди 24-солаи Роналдо ва Ривалдоро такрор карданд

Тими миллии Фаронса дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 аввалин дастае шуд, ки пас аз Ҷоми Ҷаҳон - 2002 ду бозигари он дар як мусобиқа ҳадди аққал панҷ гол задаанд, хабар медиҳад OptaJoe дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии X.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026.  Даври чорякфиналӣ
10 июли соли 2026, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Фаронса 2:0 Марокаш
1:0 Мбаппе – 60' 2:0 Дембеле – 66'
Бразилия (2002):
Роналдо – ҳашт гол, Ривалдо – панҷ гол.
Фаронса (2026):
Килиан Мбаппе – ҳашт гол, Усмон Дембеле – панҷ гол.
Дар даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳон – 2026 Фаронса бар Марокаш бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар даври нимфиналии Ҷоми ҷаҳон 2026 бошад мунтахаби Фаронса бо ғолиби бозии Испания -  Белгия (10-уми июл) рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада баргузор шуда истодааст.   Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив