Тими миллии Фаронса дар бозии даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳон - 2026 мунтахаби Марокашро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод ва аз ҳаштумин пирӯзии паиҳами хеш истиқбол гирифт.
Ҷоми ҷаҳонии 2026. Даври чорякфиналӣ.
10 июли соли 2026, ҷумъа. 01:00 ДШБ
Фаронса 2:0 Марокаш
1:0 Мбаппе – 60' 2:0 Дембеле – 66'
Фаронсавиҳо дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 шаш пирӯзӣ ба даст оварданд ва дар марҳилаи гурӯҳӣ танҳо ду гол сар доданд. Қаблан ин тим дар бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2026 бар Озарбойҷон (3:1) ва Украина (4:0) пирӯз шуда буд.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, дар финали мусобиқаи соли 2022 дар Қатар бар Фаронса бо ҳисоби 3:3 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) зафар ёфт.
