TEAMtalk хабар медиҳад, ки “Арсенал” ва “Тоттенхэм” нисбати яке аз бозигарони умедбахши Бундеслига, ҳамлагари норвегиягӣ Антонио Нусаро аз “РБ Лейпсиг” таваҷҷӯҳ доранд.
Ба гуфтаи манбаъ ду бошгоҳи шаҳри Лондон ин бозигари 21-соларо бодиққат назорат мекунанд. Бошгоҳи олмонӣ бошад нархи бозигари мунтахаби Норвегияро тақрибан 51 миллион фунт стерлинг (59 миллион евро) арзёбӣ мекунад. “Барселона” низ ба Нуса таваҷҷӯҳ дорад, аммо интизор меравад, ки ӯ бештар ба Премер-лигаи Англия таваҷҷӯҳ дорад.
Мавсими гузашта ҳамлагари норвегӣ дар лигаи олии Олмон 31 бозӣ анҷом дода, чор гол ва се партофти голӣ ба омор гирифт.
