Ба гуфтаи журналисти маъруфи итолиявӣ Фабрисио Романо Жорже Жезуш сармураббии нави тими миллии Португалия хоҳад буд.
Мураббии собиқи бошгоҳи саудии “Ал-Наср”, ки Криштиану Роналду дар он бозӣ мекунад, розӣ шудааст, ки тими миллиро роҳбарӣ кунад. Интизор меравад, ки Жезуш мунтахаби Португалияро дар Евро-2028 ва Ҷоми ҷаҳон - 2030 мураббигӣ кунад.
Эълон оиди имзокунии шартнома бо мураббии 71-сола рӯзи якшанбе, 12-ум июл карда мешавад.
Дар охири мавсими 2025/2026 Жезуш аз мақоми сармураббии бошгоҳи “Ал-Наср”, ки бо ин тим унвони қаҳрамонии Арабистони Саудиро ба даст оварда буд, канор рафт.
Қаблан мураббии испанӣ Роберто Мартинес аз вазифаи сармураббигии тими миллии Португалия истеъфо дода буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста дар марҳилаи 1/8 финалӣ аз Испания бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, аз идомаи рақобат дар Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум гардид.
