LIVE

Роналду бори аввал баъди бохт аз Испания дар ҶҶ-2026 сухан кард

Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи “Ал-Наср”   Криштиану Роналду бори аввал пас аз маҳрумшавӣ аз идомаи рақобат дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 дар саҳифаи иҷтимоии худ паёме нашр кард. Тими миллии Португалия дар даври 1/8 финалӣ аз Испания бо ҳисоби 1-0 мағлуб шуда буд.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Даври 1/8 финалӣ
7 июли соли 2026, сешанбе. Соати 00:00 ДШБ
Португалия 0-1 Испания
0-1 Мерино – 90+1'
"Португалия абадист", - навиштааст Роналду дар саҳифаи иҷтимоии худ.
Испания дар даври чорякфиналӣ бо Белгия рӯбарӯ хоҳад шуд. Роналду пас аз бозии 1/8 финалӣ эълон кард, ки ин охирин бозии ӯ дар Ҷоми ҷаҳон -  2026 хоҳад буд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада баргузор шуда истодааст. Аз сабаби тағйир ёфтани формати мусобиқа 48 даста бори аввал дар таърих ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив