LIVE

Моуринйо нимҳимоятгари нолозимро дар “Реал Мадрид” муайян кард

Сармураббии нави бошгоҳи “Реал Мадрид” Жозе Моуринйо нисбати хати нимҳимояи тим андешаронӣ кардааст. Муттахассиси португалӣ  тасмим гирифтааст, ки  мавсими нав ба Федерико Валверде, Аурелиен Чуамени, Арда Гулер, Бернардо Силва ва Ҷуд Беллингем умед мебандад. Дар ин бора хабарнигори испанӣ Рамон Алварес дар шабакаҳои иҷтимоии худ хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки Моуринйо инчунин нимҳимоятгари нолозимро дар “Реал Мадрид” муайян кардааст: ин ҳам Эдуардо Камавингаи фаронсавӣ аст ва агар пешниҳоди мувофиқ ба ӯ расад, ӯ дастаро тарк мекунад.
Мавсими гузашта Камавинга дар ҳама мусобиқаҳо  43 бозӣ анҷом дода, ду гол  ва як паси голӣ ба омор гирифтааст. Тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt ин бозигар 50 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив