Дарвозабони 40-солаи тими миллии Кабо-Верде Возиня имконоти нав барои идомаи фаъолияти варзишӣ дар сатҳи бошгоҳӣ гирифт. Ба гуфтаи рӯзноманигор Фабрисио Романо якчанд бошгоҳҳо аз Серияи В-и Бразилия ба ситораи Ҷоми ҷаҳон - 2026 таваҷҷӯҳ доранд.
Қобили зикр аст, ки Возиня айни замон агенти озод аст.
Возиня қаблан дар бошгоҳҳои португалии “Чавес” ва “Жил Висенте”, дастаи словакии “Тренчин”, “АЕК Лимассол” аз Кипр, “Зимбру” аз Руминия, “Проогресо” аз Ангола ва якчанд дастаҳо аз зодгоҳаш Кабо-Верде бозӣ карда буд. Дарвозабон 92 бозӣ дар сафи тими миллии Кабо-Верде гузаронида, ба шарофати намоишҳои таъсирбахш дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 ӯ маъруфияти хосса пайдо кард.
