Бозии даври 1/8 ниҳоӣ байни тимҳои миллии Испания ва Португалия имрӯз, 6-уми июл дар варзишгоҳи Далласи Арлингтони ИМА соати соати 23:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
06 июли соли 2026, душанбе. 23:40 ДШБ
Испания - Португалия
Тибқи натиҷагирии марҳилаи 1/16 ниҳоӣ мунтахаби испания тавонист бо ҳисоби 3-0 тими миллии Австрияро шикаст диҳад, дар ҳоле, ки мунтахаби Португалия бо ҳисоби 2-1 тими миллии Хорватияро ноком намояд.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор гардид. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дода, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.
[hide][/hide]
