LIVE

“Арсенал” дар харидории ду бозигари “Астон Вилла” иштиёқманд аст

Бошгоҳи футболи “Арсенал”-и Лондон ба ду бозигари “Астон Вилла” таваҷҷӯҳ дорад. Тибқи иттилои The Telegraph бошгоҳи лондонӣ ба ҳимоятгар Эзри Конса ва ҳамлаагар Морган Роҷерс таваҷҷӯҳ дорад. Ба гуфтаи  манбаъ Конса ду соли дигар тибқи шартнома дар “Вилла” мемонад бошгоҳ ӯро тақрибан 70 миллион евро нархгузорӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ аз ҳаҷми маблағи пешниҳодшудаи “Арсенал”   зиёдтар аст. Айни замон маълум нест, ки  "тӯпчиён" ҳам Роҷерс ва ҳам Конса харидорӣ мекунанд ё танҳо яке аз ин ду бозигарро ба даст меоранд.
Ин тобистон ҳарду бозигар шомили ҳайати дастаи мунтахаби Англия барои Ҷоми ҷаҳон - 2026 ҳастанд. Конса чор бозӣ  доир кардааст, дар ҳоле ки Роҷерс танҳҳо се бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив