Мутахассиси ҳолландӣ Арне Слот яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббигии дастаи миллии Нидерланд мебошад. Дар ин бора The Touchline дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ Ассотсиатсияи Шоҳигарии футболи Нидерланд аллакай бо номзадҳои эҳтимолӣ тамосҳои аввалия барқарор кардааст. Мураббии қаблӣ Роналд Куман пас аз ба охир расидани шартномааш аз мақоми худ канор меравад. Оиди ин қарор пас аз анҷоми иштироки тими миллии Нидерланд дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 эълон шуд. “Норинҷиҳо” дар бозии даври 1/16 ниҳоӣ аз Марокаш мағлуб шуд 1-1, (2-3 аз рӯи пеналтӣ) шикаст хӯрданд.
Дастаи охирини Арне Слот “Ливерпул” буд. Мутахассис дар мавсими 2024/2025 бо “мерсисайдиҳо” унвони қаҳрамонии Премер-лигаи Англияро ба даст овард. Моҳи майи соли 2026 бошад бошгоҳи англисӣ аз рафтани Слот аз мақоми сармураббӣ хабар дод.
