Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси муроҷиат кард.
"Дидани бозии Шумо ҳамеша яке аз бузургтарин имтиёзҳои ин навъи варзиш буд, Лионел Мессии азиз. Дар майдон Шумо чизҳои имконнопазирро ба воқеият табдил медиҳед ва бо истеъдоди худ ҷаҳонро дар ҳайрат мегузоред. Бароятон оғӯши гарм мефиристам. Ташаккур барои ҳама корҳое, ки Шумо барои табдил додани футбол ба варзиши дӯстдоштаи сайёраи Замин кардаед. Бароятон зодрӯзатонро муборак мегӯям ва таманно дорам, ки дар марҳилаи ниҳоии ин Ҷоми Ҷаҳон, ки дар он Шумо унвонеро, ки бо дастаи миллии худ чор сол пеш дар Қатар ба даст оварда будед, ҳимоя хоҳед кард. Шумо иштиёқ нисбати футболро бо миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон мисли ҳеҷ каси дигар эҳдо мекунед", - навиштааст Инфантино дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Лионел Месси 24 июн 39-сола шуд. Ин ҳамлагар дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 панҷ гол зада, дар бозии муқобили Алҷазоир бо ҳисоби 3-0 хет-трик ва дар бозии муқобили Австрия ба задани ду гол даст ёфтааст.
