LIVE

Бразилия бар Шотландия зафар ёфт ва дар гурӯҳи C зинаи аввал гирифт

Бозии даври сеюми гурӯҳи C миёни мунтахабҳои Шотландия ва Бразилия дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 дар варзишгоҳи Хард Роки  Майами, ИМА  бо ҳисоби 3-0 ба нафъи бразилиҳо ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Гурӯҳи C. Даври 3-юм 
25 июни соли 2026, панҷшанбе. 03:00 ДШБ
Шотландия 0:3 Бразилия
0:1 Винисиус Жуниор – 7' 0:2 Винисиус Жуниор – 45+3' 0:3 Куня – 60'
Нимҳимоятгар Винисиус Жуниор муаллифи ду гол шуда, ҳамлагар Матеус Куня як голи дигар дар сафи тими миллии Бразилия ба ҳадаф расонид.
Шотландия бо се имтиёз аз се бозӣ дар гурӯҳи C ҷои сеюмро ишғол кард. Бразилия бо ҳафт имтиёз дар зинаи аввал қарор гирифт.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Аргентина қаҳрамони феълӣ буда, дар финали мусобиқаи 2022 Фаронсаро бо ҳисоби 3-3, (4-2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив