LIVE

Мунтахаби Мексика - аввалин иштирокчии марҳилаи плей-оффи ҶҶ-2026

Субҳи 19 июн дар варзишгоҳи “Акрон”-и шаҳри Сапопани Мексика бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Мексика ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.
Ин вохӯрӣ дар доираи бозиҳои гурӯҳи “А” сурат гирифта, бо пирӯзии минималии соҳибони майдон — Мексика бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Бо ин ғалаба мунтахаби Мексика соҳиби 6 имтиёз гардида, ҳанӯз пеш аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ роҳхати худро ба даври плей-офф таъмин намуд. Ба ин тартиб, дастаи Мексика аввалин мунтахабе гардид, ки расман ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт.
Мексика дар бозии аввал низ муқобили Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд ва ҳоло бо ду ғалаба дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бори аввал бо иштироки 48 мунтахаб баргузор шуда, мусобиқа аз 11 июн то 19 июл дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада идома хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив