Ситораи мунтахаби Бразилия Неймар дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили мунтахаби Ҳаити ба майдон намебарояд.
Ин бозӣ рӯзи 20 июн дар варзишгоҳи “Линколн Файненшл Филд” дар шаҳри Филаделфияи ИМА баргузор мешавад.
Конфедератсияи футболи Бразилия расман тасдиқ кардааст, ки Неймар дар урдугоҳи даста дар иёлати Ню-Ҷерси боқӣ мемонад, то барқарорсозии ҷисмонии худро пурра анҷом диҳад ва барои бозиҳои минбаъдаи мунтахаб дар Ҷоми ҷаҳон омода шавад.
Ёдовар мешавем, ки Неймар бо сабаби ҷароҳат бозии аввали Бразилия дар Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили мунтахаби Марокашро, ки бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт, аз даст дода буд. Аммо рӯзи 17 июн ӯ дубора ба тамринҳои умумии тими миллӣ баргашт, ки ин барои мухлисони футбол хабари хуш арзёбӣ мешавад.
Ҳоло ситораи 34-солаи бразилӣ таҳти назорати табибони даста қарор дошта, интизор меравад дар бозиҳои баъдӣ ба ҳайати мунтахаби Бразилия кӯмак расонад.
