Дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” аз ба ҳайати худ ҷалб шудани ҳимоятгари марказии мунтахаби Фаронса Иброҳим Конате расман хабар дод. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мадрид иттилоъ нашр кардааст.
Тибқи маълумоти манбаъ Конатеи 27-сола бо “Реал” шартномаи дарозмуддат ба имзо расонида, он то 30 июни соли 2030 амал хоҳад кард.
Иброҳим Конате аз соли 2021 дар ҳайати “Ливерпул” ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ дар ин муддат дар ҳайати бошгоҳи “Ливерпул” 183 бозӣ анҷом дода, 7 гол ба самар расонида, 4 партофти головар анҷом додааст. Ҳимоятгари фаронсавӣ дар ин муддат ба яке аз бозигарони калидии хатти дифои “Ливерпул” табдил ёфта буд.
Конате пеш аз пайвастан ба дастаи шаҳри Ливерпул дар ҳайати бошгоҳи “Лейпсиг”-и Олмон ва инчунин дар низоми омодасозии бошгоҳи “Сошо”-и Фаронса фаъолият кардааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ Конате таҷрибаи назаррас дорад. Ӯ то имрӯз 28 бозӣ дар ҳайати мунтахаби Фаронса анҷом дода, яке аз ҳимоятгарони боэътимод ба ҳисоб меравад.
Бо ҷалби Иброҳим Конате, “Реал Мадрид” хатти дифои худро боз ҳам мустаҳкам намуда, барои мавсимҳои оянда ҳайати рақобатпазиртарро омода месозад.
