LIVE

Мунтахаби Кюрасао шомили китоби рекордҳои Гиннес гардид

Мунтахаби Кюрасао дар таърихи футболи ҷаҳон дастоварди нодиреро ба қайд гирифта, расман ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.
Ин кишвари ҷазиравӣ бо аҳолии ҳамагӣ 156 ҳазору 115 нафар ба хурдтарин кишвари аҳолинишин табдил ёфт, ки тавонистааст ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёбад. Бо ин дастовард, Кюрасао рекорди ҳамаи кишварҳои иштироккунандаи Ҷоми ҷаҳонро аз замони таъсиси мусобиқа то имрӯз нав кард.
Шаҳодатномаи расмии Китоби рекордҳои Гиннес ба президенти Федератсияи футболи Кюрасао Гилберт Мартина тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аввалин мусобиқаи ҷаҳонӣ барои мунтахаби Кюрасао мебошад. Дастаи ин кишвар бозии нахустини худро дар марҳилаи гурӯҳӣ муқобили мунтахаби пурқудрати Олмон анҷом дода, бо ҳисоби 1:7 шикаст хӯрд.
Ливано Комененсия аввалин голи таърихи Кюрасаоро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол ба самар расонд. Бо ин гол Комененсия номи худро дар таърихи футболи Кюрасао ҷовидона кард ва ба мухлисони кишвараш лаҳзае фаромӯшнашаванда ҳадя намуд.
Сармураббии мунтахаби Кюрасао Дик Адвокат дар синни 78 солу 260 рӯз ба куҳансолтарин мураббие табдил ёфт, ки дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол дастаеро роҳбарӣ кардааст. Ҷолиб он аст, ки ин дастоварди таърихӣ пас аз 32 сол аз замоне ба даст омад, ки ӯ дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1994 дар ИМА мунтахаби Нидерландро роҳнамоӣ мекард.
Бо вуҷуди ин, таърих барои Кюрасао аллакай навишта шудааст, зеро роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон ва сабти номи кишвар дар китоби рекордҳои Гиннес дастоварди бузург барои футболи ин ҷазираи хурд ба шумор меравад.
Мунтахаби Кюрасао дар идомаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон рӯзи 21 июн бо Эквадор ва рӯзи 25 июн бо Кот-д'Ивуар рақобат хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив