Ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси дар бозии даври нахусти марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2026 муқобили ба задани се гол даст ёфта, пирӯзии тимашро бо ҳзисоби 3-0 таъмин кард.
Ҷоми ҷаҳон- 2026. Гурӯҳи J. Даври 1-ум
Чоршанбе, 17 июни соли 2026. 06:00 ДШБ
Аргентина 3:0 Алҷазоир
1:0 Месси – 17' 2:0 Месси – 60' 3:0 Месси – 76'
Ин аввалин хет-трики Месси дар ин мусобиқа аст. Ӯ дар 18 бозии қаблии Ҷоми Ҷаҳон дар як рақобат се гол назадааст. Ин нишондод Мессиро дар ҷадвали голзананони Ҷоми ҷаҳон ба зинаи аввал мебарорад. Дар раддабандии беҳтарин нишонзанони мусобиқа пас аз анҷоми бозиҳои даври нахуст бозигарони зерин қарор доранд: Килиан Мбаппе (Фаронса), Эрлинг Ҳоланд (Норвегия), Фоларин Балогун (ИМА), Ясин Аяри (Шветсия) ва Элайҷа Ҷаст (Зеландияи Нав).
Қобили зикр аст, ки дар бозии сипаришуда Месси аз рӯи шумораи голҳо Мирослав Клозе баробар шуд, ки дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон-2026 16 гол дорад.
