Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати дастаҳои иштирокчии мусобиқоти бошгоҳии қитъавиро барои мавсими 2026/27 расман эълон кард.
Дар мавсими нав ду дастаи Тоҷикистон: «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе шарафи футболи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
«Регар-ТадАЗ», ки мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд, иштироки худро дар Лигаи Даъвати КФО аз марҳилаи муқаддамотӣ оғоз мекунад.
Дар бораи ҳарифи дастаи футбол аз шаҳри Турсунзода ва ҷузъиётҳои дигари бозӣ бо рақиби эҳтимолӣ дақиқан маълум шудан, расман маълумот медиҳем.
