Ҳайати довароне, ки бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустонро ҳакамӣ мекунанд, маълум гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аҳрол Ризқуллоев аз Ӯзбекистон таъйин шуд. Ба ӯ доварони ёвари ФИФА аз Ӯзбекистон Алишер Усмонов ва Ислом Азимов кумак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон иҷро хоҳад кард. Нозири доварон Абдураҳим Бобоев, комиссари бозӣ бошад, Абдулло Соқиев таъйин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи дуюми мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:00 оғоз мешавад. Бозии аввали дӯстона миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мо хотима ёфт.
Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Бахтиёрхӯҷа Шавкатов ва Руслан Серазетдинов кӯмак расониданд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА аз Тоҷикистон Амирҷон Хоркашев иҷро кард. Назорати кори ҳайати доварон ба уҳдаи Рустам Абдуллоев буда, Фаридун Аттоев комиссари бозӣ буд.
