LIVE

Собиқ бозигари “Манчестер Сити” метавонад молики “Монпелйе” шавад

Собиқ нимҳимоягари бошгоҳи футболи “Манчестер Сити” Илкай Гюндоган, ки ҳоло дар сафи “Галатасарой” бозӣ мекунад, метавонад яке аз моликони бошгоҳи фаронсавии  “Монпелйе” аз Лигаи 2-и Фаронса шавад, хабар медиҳад нашрияи L'Équipe.
Ба гуфтаи манбаъ  Гюндоган яке аз сармоягузорони эҳтимолӣ бо фонди бритониёии GSS аст, ки нақша доранд саҳмияҳои бошгоҳро дар якҷоягӣ ба даст оранд. “Монпелйе” ҳанӯз ягон тағйирот дар сохтори идоракунии худ  эълон накардааст. Як шахси калидии дигар дар ин созишномаи эҳтимолӣ бозигари собиқи “Арсенал” Даниел Карбассиюн аст.
“Монпелйе” мавсими гузашта дар зинаи ҳаштуми Лигаи 2 қарор гирифт. Ин даста дар солҳои 2011/12 унвони қаҳрамонии Фаронсаро ба даст оварда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив