LIVE

“Манчестер Юнайтед” оиди гузариши Хойлунд ба “Наполи” эълон кард

Ҳамлагари даниявии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” Расмус Хойлунд  ба таври доимӣ ба сафи “Наполи” пайваст. Хадамоти матбуоти "девҳои сурх" расман оиди ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард. Ин бозингар аз тобистони гузашта ба таври иҷора дар бошгоҳи шаҳри Неапол бозӣ мекард.
"Ҳама дар бошгоҳ ба Расмус дар оянда барори кор орзу мекунанд", - омадааст дар изҳороти хадамоти матбуотии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”.
Тибқи гузориши расонаҳо “Наполи” имкони харидории Хойлундро ба маблағи 44 миллион евро дошта буд. Моҳи августи соли 2023 “Манчестер Юнайтед” барои гузариши ин даниягӣ ба “Аталанта” 79,8 миллион евро пардохт кард. Мавсими гузашта ҳамлагари 23-сола дар 33 бозии Серияи А 12 гол зада, шаш партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив