Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Чин ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад.
Дар ҷараёни ин ҷамъомад тими олимпии кишвари мо ду бозии дӯстона муқобили дастаи олимпии Чин (U-23) анҷом медиҳад. Вохӯрии аввал рӯзи 6 июн дар шаҳри Зунйӣ, бозии дуюм бошад, рӯзи 9 июн дар шаҳри Гуйян доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои то 23-сола соли оянда баргузор мешавад.
Ҳайати тими олимпии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили Чин:
Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»), Беҳзод Ҳакимов («Истаравшан»);
Дифоъгарон: Қамариддин Ғаффорзода («Барқчӣ»), Александр Мухин («Парвоз»), Абдусамад Меликмуродов («Регар-ТадАЗ»), Мухаммадҷон Исаков («Сардор»), Баракатулло Нигматуллозода («Ҳосилот»), Меҳроҷиддин Розиқов («Вахш»), Султонбек Фозилов («Истаравшан»), Мухаммадҷон Рустамов («Эсхата»), Рустам Камолов («Истиқлол»);
Ниммуҳофизатгарон: Фатҳулло Олимзода («Равшан»), Ҷовидон Хушвахтов, Зариф Зарифзода (ҳарду – «Барқчӣ»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Истиқлол»), Абубакр Сулаймонов («Сардор»), Хоҷӣ Абдуманон («Эсхата»), Шаҳбон Наимов («Истаравшан»);
Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Вахш»), Некрӯз Зокиров («Сардор»), Муҳаммадиқбол Аминзода («Истаравшан»), Садриддин Улаев («Моҳир»).
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.
