LIVE

Тамринҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон идома доранд

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба нахустин бозии худ таҳти роҳбарии сармураббии нав Игор Ангеловский идома медиҳад.
Аввалин бозии дӯстонаи тими миллӣ муқобили мунтахаби Ҳиндустон рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 20:00 аст.
Ин нахустин бозии Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон хоҳад буд ва марҳилаи муҳими омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ба ҳисоб меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив