LIVE

Тими миллии Тоҷикистон пас аз 15 сол ба Турсунзода бармегардад

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд. Рӯзи 5 июн мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии ФИФА бозии дӯстона баргузор намуда, бо тими миллии Ҳиндустон рақобат мекунад.
Ин дидор дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Бозӣ барои ҳаводорони футбол аҳамияти махсус дорад, зеро тими миллии Тоҷикистон пас аз 15 сол дубора дар ин шаҳр ба майдон мебарояд. Бори охир мунтахаби кишвар соли 2011 дар Турсунзода бозӣ карда, бо тими миллии Ӯзбекистон рақобат намуда буд.
Вохӯрии дарпешистода ҳамчунин оғози марҳилаи нави фаъолияти тими миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин аввалин бозии расмии мутахассиси македонӣ Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд. Мухлисон бесаброна интизоранд, то тарзи бозӣ ва идеяҳои тактикии сармураббии навро аз наздик мушоҳида намоянд.
Ин бозӣ на танҳо як рақобати дӯстона, балки ҷашни ҳақиқии футбол барои сокинони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои атроф хоҳад буд. Интизор меравад, ки ҳазорон мухлис барои дастгирии тими миллӣ ба варзишгоҳ ҳозир шаванд ва фазои гарму идона эҷод намоянд.
Бозгашти тими миллиро ба Турсунзода аз даст надиҳед! Ба варзишгоҳ биеёд, тими миллии худро дастгирӣ кунед! Шуморо дар варзишгоҳи “Талко-Арена” интизорем! 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив