Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид.
Дар майдони варзишии маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ чорабинии бошукӯҳи варзишӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, муовинони раиси вилоят, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону дустдорони футбол иштирок доштанд.
Зимни баромад раиси вилоят Алишер Мирзонабот ҳозиринро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол шодбош намуда, аз дастовардҳои соҳаи варзиш бахусус футбол дар ду соли охир ёдовар шуданд.
Сипас, ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравиро ба кӯдакон ва иштирокчиёни тақдим намуданд.
Пас аз қисмати расмии чорабинӣ, сабқат байни дастаҳои медиалигаи «Душанбе» ва «Хоруғ Сити» баргузор шуд.
