LIVE

Тими миллии Тоҷикистон бо Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн ду бозии дӯстона дар майдони худ баргузор мекунад.
Ҳарифи тими миллии мо яккачини Ҳиндустон аст, ки дар Ҷоми миллатҳои CAFA-и охир соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буд. Вохӯрии аввал рӯзи 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бозии дуюм 9 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад. Ҳарду рақобат соати 20:00 оғоз мешавад.
Ин рақобатҳо барои мунтахаби Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд, зеро нахустин бозиҳои расмии Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии тими миллӣ маҳсуб меёбанд. Мутахассиси македонӣ чанде пеш роҳбарии мунтахаби кишварро ба уҳда гирифта, акнун имконият пайдо мекунад, ки ҳайати худро дар рақобатҳои байналмилалӣ санҷад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Ҳиндустон яке аз дастаҳои рӯ ба рушд дар қораи Осиё ба шумор меравад ва рақобат бо чунин ҳариф барои мунтахаби Тоҷикистон санҷиши ҷиддӣ хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив