LIVE

Ҳарри Кейн беҳтарин футболбози Аврупо тибқи фарзияи нашрияи Goal

Маҷаллаи маъруфи Goal рейтинги беҳтарин футболбозони аврупоиро барои мавсими 2025/2026 нашр кард. Ҳамлагари "Бавария"-и Мюнхен Ҳарри Кейн дар ин рӯйхат пешсаф буда, ҳамдастааш Майкл Олисеро, ки дар ҷои дуюм қарор гирифт, паси сар гузошт.
Ҳамлагари “Барселона” Ламин Ямал ва ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе мутаносибан дар ҷои сеюм ва чорум қарор гирифтанд. Нимҳимоятгари “Арсенал” Деклан Райс панҷгонаи беҳтаринро пур намуд.
Топ-10 беҳтарин футболбозони қораи Аврупо дар мавсими 2025/2026 тибқи фарзияи Goal:
1. Ҳарри Кейн («Бавария»).
2. Майкл Олисе («Бавария»)
3. Ламин Ямал («Барселона»).
4. Килиан Мбаппе («Реал Мадрид»).
5. Деклан Райс («Арсенал»).
6. Усмон Дембеле («ПСЖ»).
7. Луис Диас («Бавария»).
8. Хвича Кваратсхелия («ПСЖ»).
9. Бруну Фернандеш («Манчестер Юнайтед»).
10. Витиня («ПСЖ»).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив