Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода таҳти роҳбарии Алишер Тӯхтаев тими «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, бори аввал дар таърихи хеш соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Ин вохӯрӣ имрӯз, 23 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро Азизбек Ҳайитов дар дақиқаи 7-ум ва Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 31-ум ба самар расониданд. Голи ягонаи «Истиқлол»-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 50-юм зад.
Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2026 нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Абдураҳмон Нозимов дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Суперҷоми Тоҷикистон «Истқилол» дар силсилаи пеналтӣ бар «Регар-ТвдАЗ» ғолиб омада, бори 13-ум унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд.
