Дафтари матбуотии бошгоҳи мадридӣ эълон кард, ки ҳимоятгар Дани Карвахал дастаро тарк мекунад. Шартномаи ин ҳимоягари 34-сола бо “лос-бланкос” тобистони соли 2026 ба охир мерасад.
"Реал Мадрид" ба Дани Карвахал ва оилааш дар ин марҳилаи нави ҳаёт барори кор орзу мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти бошгоҳ дар сомонаи расмӣ.
Карвахал дастпарвари академияи ҷавонони "Реал Мадрид" аст. Сарвони феълии тими шоҳона аз тобистони соли 2013 инҷониб пайваста дар ҳайати асосӣ бозӣ кардааст. Ин мавсим бозингар дар ҳама мусобиқаҳо 22 рақобат анҷом дода, умуман бо пироҳани "Реал Мадрид" 450 бозӣ ва 14 гол дорад.
